05:29, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон намоиш дода шуд

Бахшида ба Соли ҷавонон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон

Воҳидови шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мақсади мо: муҳофизат ва нигоҳдошти оила» ҳамоиши тарғиботӣ доир гардид. Дар доираи он нахустнамоиши «Лабханди ҷавонӣ»-маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саримҷон Салимов хабар дод. Ба иттилои манбаъ, пеш аз оғози маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар саҳни ҳавлии Театри давлатии ҷавонон мусобиқаи шоҳмот ва машқҳои варзишӣ доир карда шуд. Баъд аз тамошои нахустнамоиши «Лабханди ҷавонӣ» ба ҳунари ҳаҷвнигорони ҷавон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи санъат маслиҳатҳои муфид дода шуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки ҳаҷв яке аз санъатҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, тӯли ҳазорсолаҳо мардум ин эҷодиёти даҳонакиро ҳифз намудаанд. Тибқи иттилои Саримҷон Салимов, ҳаҷвнигорони ҷавон аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шуда, шумораашон 15 нафарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии таъсиси маҳфили ҳаҷнигорони ҷавон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва зинда нигоҳ доштани ҳаҷви тоҷик миёни ҷавонон мебошад.