09:07, 25 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазорати фарҳанг дар ҳамоҳангӣ бо ЮНЕСКО 3 филми мустанад ба навор гирифт

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикисон фаъолияти худро

баҳри татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мутобиқ гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ равона намуда, соли 2016-ум ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба пешрафти фаъолияти эҷодӣ ва дастгирии моддии соҳаҳои гуногуни он, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳа ба натиҷаҳои муайян ноил гардидааст. Ба таъкиди роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон, дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 320 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 354 китобхонаи давлатию оммавӣ, 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 48 клуби сайёр, 14 маркази фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 62 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 54 осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақом, 7 ансамбли фалак, 6 ансамбли эстрадӣ ва 16 ансамбли фолклорию этнографӣ фаъолият доранд. Таъкид шуд, ки соли 2016-ум муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмӯъ 71 номгӯй бо теъдоди 73 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расондаанд. Дар ин давра дар доираи татбиқи лоиҳаи Маркази мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ҷиҳати афзун намудани аёнияти мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО бо ҷалби коршиносон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, айни ҳол 3 филми мустанад ба навор гирифта шудааст.