03:30, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Садои Душанбе» - садои сартосарии Тоҷикистон

18 сол муқаддам дар фазои иттилоотии кишвар

падидаи нав рӯйи кор омад. Бо ташаббуси собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард. Бо вуҷуди пешниҳоди барномаҳои алоҳидаи мустақим дар шабакаҳои дигари Радиои Тоҷикистон, ин ягона шабакае ба ҳисоб мерафт, ки ба муддати 8 соат тамоми барномаҳои худро ба таври мустақим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ пешниҳоди шунавандагон менамуд. Таъсиси «Садои Душанбе» дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадами муҳиме дар рушди ВАО маҳсуб мешуд. Дар ибтидо агарчӣ радиои «Садои Душанбе ҳамчун шабакаи сартосарии «Садои Душанбе» ном бурда мешуд ва аз соати 8-и субҳ то 16-и бегоҳ ба муддати 8 соат мустақиман бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ барнома пешниҳод мекард, айни ҳол пахши барномаҳои он 24 соатро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидаанд, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.